ҲАМАИ ХАБАРҲО
4 июл дар шаҳри Ханкендӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати самимӣ доир намуданд.
4 июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммит баррасӣ шуд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва баргузор кардани ҳамоиш арзи сипос намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои ин созмонро, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.
4 июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.
30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.
Сани 25 июни соли 2025 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Рўзи байналмилалии хизмати давлатӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ» чорабинии тантанавӣ бо иштироки меҳмонон, кормандони Агентӣ ва магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» баргузор карда шуд.
Директори Агентӣ Идрисзода И.М. меҳмон, иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми хизматчиёни давлатиро, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар кадоми мо чун василаи ҳамбастагии мардуми шарифи кишвари азизамон дар баробари истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу бебаҳо мебошад ва Рўзи хизмати давлатӣ, ки қишри пешоҳанги кишварро атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, мақсади он хизмат ба халқу Ватан аст, табрику муборакбод намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як сиёсатмадори равшанзамиру хирадандеша нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ намуда, ҳамеша дар фикри дастгирии занону бонувон мебошанд.
Зеро занон аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ, раванди созандагӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд кардаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани салоҳият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар самти экология ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои сохтори он баргузор карда шуд.
Санаи 20 июни соли 2025 тибқи нақшаи омӯзишҳои идоравии хизматчиёни давлатӣ бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Саидзода Шаҳбоз, сардори шуъбаи ташкилӣ ва иттилоотии Агентӣ Кенҷазода Мирзо ва хизматчиёни дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия хониши идоравӣ баргузор гардид.
Бо мақсади омўзиш ва табодули таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дар Форуми «GovHR forum: Низомҳои нав, хизматрасониҳои муосир, роҳҳали нав», ки санаи 20 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва дорои салоҳияти баланди корӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бўҳрониро дар тамоми соҳаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҳаллу фасл намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 23 сентябри соли 2022 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷаласаи васеи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Ибодат Ғанӣ, раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод, сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ҷаъфар Манон, роҳбарият (муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо -масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот), роҳбарони дастгоҳ ва хадамоти кадрии дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Рашт, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои мазкур ва масъулони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар рафти он вазъи иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш дар давраи солҳои 2020-2022 ва ҳолати таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳамин шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. аз рўйи масъалаи якум гузориш дода, иброз дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 113 ҷамоати шаҳраку деҳот (15 ҷамоати шаҳрак ва 98 ҷамоати деҳот) мавҷуд мебошад.
Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор 53 ҷамоати шаҳрак ва деҳот (6 ҷамоати шаҳрак ва 47 ҷамоати деҳот) фаъолият менамоянд.
Дар 53 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои мазкур 406 воҳиди корӣ мавҷуд буда, дар онҳо 259 нафар (63,8 фоиз) фаъолият дошта, 147 ҷой (36,2 фоиз, ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 12,4 фоиз) холӣ мебошад, ки нисбати ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 23,8 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар давраи санҷиш 55 (49,5 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Рашт, 19 (47,5 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Тоҷикобод, 11 (43,3 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои шаҳри Роғун, 24 (41,4 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Нуробод, 12 (40,0 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор, 20 (28,6 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Файзобод ва 6 (8,9 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шуд.
Дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти мазкур аз 259 нафар хизматчиёни давлатии амалан фаъолиятдошта 34 нафар ё 13,1 фоиз (ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 23,4 фоиз)-ро занон ташкил медиҳанд.
Қайд гардид, ки аз 406 воҳиди кории амалкунанда 128 воҳид ё 31,5 фоиз мансабҳои роҳбарикунанда (мансабҳои интихобӣ) мавҷуд буда, дар онҳо 111 (зан-11 нафар ё 9,9 фоиз) нафар фаъолият дошта, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Бӯстон, Дӯстмурод Алиев ва Чашмасори ноҳияи Файзобод, Ғарм, Аскалон, Нусратулло Махсум, Боқӣ Раҳимзода, Ҷафр, Оби меҳнат, Навдӣ, Ясман ва Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт, Ваҳдат, Чилдара, Заршӯён ва Вахиёи ноҳияи Сангвор, Ҷади Оби шаҳри Роғун, Ширинчашма, Нӯшор ва Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод, ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Нуробод ва Лахш дар давраи санҷиш ягон нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият надошта, талаботи банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар бораи дар яке аз вазифаи роҳбарикунандаи ҷамоатҳо фаъолият намудани зан таъмин нагардидааст.
Инчунин, аз 259 нафар хизматчиёни давлатии фаъолияткунанда 77 нафар ё 29,7 фоиз (ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 48,8 фоиз) ҷавонони то 35-сола мебошанд, ки нисбати ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 19,1 банди фоизӣ кам мебошад.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Файзобод ва Вашигарди ноҳияи Файзобод, Навобод, Нусратулло Махсум, Ҷафр, Оби меҳнат, Ясман ва Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт, Дарбанди ноҳияи Нуробод, Пилдон, Сартало, Лахши ноҳияи Лахш, Тавилдара, Ваҳдат ва Заршӯёни ноҳияи Сангвор, Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар давраи санҷиш ҷавонони то 35-сола фаъолият надоштанд.
Дар рафти санҷиши ҳолати мувофиқати ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» муайян карда шуд, ки нисбати раиси ҷамоати деҳоти Оби меҳнати ноҳияи Рашт, раиси ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, раиси ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун, раиси ҷамоат ва котиби ҷамоати деҳоти Ширинчашма, раиси ҷамоат ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод талаботи моддаи 19 Қонуни мазкур оид ба интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоати шаҳраку деҳот аз ҳисоби вакилони ҷамоат риоя нашудааст.
Ҳолатҳои риоя накардани талаботи тахассусӣ ва таъини беозмуни хизматчиёни давлатӣ низ мушоҳида карда мешавад.
Инчунин, зимни гузориш оид ба тањияи дастурамалњои талаботи тахассусӣ, рафти амалишавии Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои мазкур маълумот дода шуд.
Аз рӯйи масъалаи «Ҳолати таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш» сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ Рауфзода М. Ш. гузориш доданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаълаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо суханронӣ намуд.
Инчунин директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, пурра намудани ҷойҳои холӣ, ҷалби љавонону бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх