ҲАМАИ ХАБАРҲО
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара барои бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 - уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар соҳаи саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти нави дигар ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷиҳати ба донишгоҳҳои Япония (курсҳои магистрӣ ва докторӣ) ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ аз соли 2009 инҷониб амалӣ карда мешавад.
Дар заминаи ҳамкориҳои мазкур дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони ҷониби Тоҷикистон ва Япония Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Фаъолияти Комиссияи зикргардида барои ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония нигаронида шуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Хиросима, Донишгоҳи Ритсумейкан ва Донишгоҳи Акита ба таҳсил фиристода мешаванд.
Санаи 8 августи соли равон дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза бо хизматчиёни давлатӣ- магистрантони тозаинтихоби донишгоҳҳои Япония баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ёдовар шуданд, ки мувофиқи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония оид ба хизматрасонӣ соли 2022 теъдоди 16 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз он 15 нафар ба магистратура ва 1 нафар ба докторантураи донишгоҳҳои Япония интихоб ва барои таҳсил ба Япония фиристода мешаванд.
Ғолибони бурсияҳои таҳсилӣ- хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар солҳои 2022-2024 аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, фарҳанг, энергетика, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Бонки миллии Тољикистон мебошанд.Зимни мулоқот муовини директори Агентӣ Аҳмадзода Д. оид ба талаботҳои таҳсил дар хориҷи кишвар, иҷрои талаботи шартномаи сеҷонибаи баимзорасонида, қоидаҳои ташрифот ва риояи меъёрҳои ахлоқиро тавзеҳ дода, ба магистрантон ва докторанти тозаинтихоб хатми муваффақонаи зинаи илмӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Японияро таманно намуд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх