ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш»-ро ба истифода доданд.
Ҳадаф аз таъсиси хоҷагӣ ва ба роҳ мондани парвариши намудҳои гуногуни моҳӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунадаи воридот, ба содирот нигаронидани он ва таъмини пешрафти дучанди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дониста мешавад.
Баъди шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хоҷагӣ ба ҳавзҳо 55 ҳазор моҳича сар доданд.
Дар хоҷагӣ парвариши моҳии навъи «бестер» ба роҳ монда мешавад, ки дар кишвар аввалин маротиба мебошад. Оянда дар назар аст, ки дар ин хоҷагӣ беш аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш ёбад.
Корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ соли 2022 дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Асадулло Исоев оғоз шуда, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳипарварӣ 17 гектарро ташкил дода, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда мешавад.
Айни замон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои парваришёбандаи моҳӣ ва ба ин васила зиёд кардани истеҳсоли он дар хоҷагӣ 5 ҳавз таъсис дода шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал парвариши 43 ҳазор моҳӣ, аз қабили навъҳои моҳии сазан, пешонағафси сафед ва амури сафед ба роҳ монда шудааст. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда намуд ва миқдори моҳиро бештар кунанд.
Баъди ба фаъолият оғоз намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ дар Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш» 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Данғара солҳои охир моҳипарварӣ рушд карда, имрӯз фаъолияти 26 хоҷагии моҳипарварӣ дар 30 гектар замин дар ҳамин самт равона карда шудааст.
Истеҳсоли гушти моҳӣ дар соли 2022 дар ноҳия 40 тоннаро ташкил намуда буд. Дар се моҳи аввали соли 2023 бошад 7,5 тонна гушти моҳӣ истеҳсол шудааст.
Шароиту имконияти мусоиди моҳипарварӣ дар кишвар муҳайё аст ва истифодаи муфиди имконияти мавҷуда ба пешрафти дучанди он мусоидат мекунад.
Таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ бо истифода аз технологияи нав, додани имтиёзҳои мусоид ба соҳибкорон дар самти мазкур фаъолияткунанда, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва коркарди гушти он, аз ҷумлаи омилҳои такондиҳандаи рушди соҳа арзёбӣ мегардад.
Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади иқтисодӣ ва дар маҷмуъ беҳдошти сатҳи зиндагии мардум дониста мешавад.
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх