ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои талаботи банди 58 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд (бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №АП-144 тасдиқ карда шудааст), тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Мувофиқи банди 58 Нақшаи мазкур интихоб ва таъини кадрҳои донандаи забонҳои хориҷӣ ба мансабҳои мақомоти давлатӣ ва пас аз 10 сол ҳамчун шарти ҳатмӣ дар қонунгузорӣ муқаррар кардани ба мансабҳои роҳбарикунанда интихобу таъин намудани шахсони донандаи на кам аз ду забони хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) масъалагузорӣ карда шуда, муҳлати иҷро давоми солҳои 2021-2030, иҷрокунандагон Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати адлия, вазорату идораҳои дахлдор муқаррар гардидаанд.
Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҳамчунин масъалаи аниқ намудани доираи забонҳои хориҷии байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Муайян карда шуд, ки забонҳои расмӣ ва кории созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид - забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, хитоӣ, испанӣ ва арабӣ, Созмони ҳамкории Шанхай -русӣ ва хитоӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-забони русӣ, яъне 6 забони хориҷии байналмилалӣ муқаррар карда шудаанд.
Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои дастури мазкур қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ зина ба зина такмил дода шуда, зимни интихоб ва таъини кадрҳо ба мансабҳои мақомоти давлатӣ ба донандагони забонҳои хориҷӣ (ҳатман донистани як забони хориҷии байналмилалӣ дар давоми то 10 сол) бартарӣ дода шуда, ҷобаҷогузории кадрҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда пас аз 10 сол танҳо дар мавриди донистани на кам аз ду забони хориҷии байналмилалӣ (бо бартарии забонҳои русӣ ва англисӣ) ба роҳ монда мешавад.
Дар робита ба ин аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647» вобаста ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таҳия карда шуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодгардида бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №544 тасдиқ ва барои иҷро пещниҳод карда шуданд.
Тибқи тағйироти нав дар Низомномаи мазкур аз ҷумла, ба замимаи 2 (Варақаи баҳодиҳии сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории довталабон)-и он тағйирот пешниҳод карда шуда, дар он сутуни шашум (донистани забонҳои хориҷӣ) пешбинӣ карда шуда, минбаъд сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷониби довталабони ишғоли мансабҳои холӣ дар алоҳидагӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
Бо назардошти дар таҳрири нав қабул ва ё такмил дода шудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи технологияҳои кадрӣ (озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва ғайраҳо) Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар таҳрири нав таҳия ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2023, №523 тасдиқ карда шуда, василаи кадрии мазкур ба талаботи имрӯзаи рушди хизмати давлатӣ мувофиқ гардонида шуд.
Дар санади мазкур барои кадрҳои захира талаботи нав аз ҷумла, донистани забонҳои хориҷӣ дар асоси муқаррароти банди 58 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд (бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №АП-144 тасдиқ карда шудааст), пешбинӣ гардид.
Дар робита ба ин тавсия дода мешавад, ки дар давраи ҳозира ба захираи кадрҳо номзадҳое пешниҳод ва дохил карда шаванд, ки ҳадди ақал як забони хориҷии байналмилалиро медонанд.
Дар Низомномаи мазкур синни ниҳоӣ барои кадрҳои захиравии мансабҳои сиёсӣ ва категорияи олӣ 5 сол зиёдтар (то 55-солагӣ) пешбинӣ шуда, кадрҳои захиравӣ ба ғайр аз мансабҳои пешниҳодшуда боз ба мансабҳои баробар ё пасттари роҳбарикунанда таъин карда мешаванд. Барои танзими дурусти мансабҳои нигоҳдошташаванда низ захираи кадрҳо пешбинӣ гардидааст.
Рӯйхати захираи кадрҳо охири сол барои як соли минбаъда (аз 1 январ то 31 январ) тартиб дода шуда, давоми сол ба он номзадҳои нав ворид карда намешаванд.
Дар Низомномаи мазкур боз дигар навгониҳо ҷой доранд.
Дар робита ба ин барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азхуд намудан ва донистани забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, испанӣ, хитоӣ, арабӣ бо бартарӣ додан ба забонҳои русӣ ва англисӣ тавсия дода мешавад.
Файзулло Фақеров - корманди Агентии хизмати давлатӣ
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх