ҲАМАИ ХАБАРҲО
6 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни таъсисёбии милитсияи Тоҷикистон, яъне иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қарор дорем, тамоми кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадоронро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо тандурустиву оромӣ ва дар фаъолияти пуршарафашон барори кору муваффақият орзу менамоям.
Расидан ба истиқлоли давлатӣ дар таърихи милитсияи Тоҷикистон давраи навро оғоз намуд ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки масъулият, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ба хотири ҳимояи ин неъмати арзишмандтарини зиндагии давлату миллат, яъне истиқлолу озодӣ вазифаи муқаддасу ҷонии худро сарбаландона ба ҷой оваранд.
Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то имрӯз якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонунвайронкуниҳо содиқона ва ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъулияти басо душвор – ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини оромиву осоиш ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткорро ба уҳда доштанд ва масъулияти худро бо сари баланд иҷро карданд.
Тайи солҳои сипаришуда ҳайати шахсии милитсияи тоҷик дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористону ифротгароён, қочоқчиёни маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ таҷрибаи зиёди касбӣ пайдо кард.
Таъкид менамоям, ки терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳо, бахусус, солҳои охир барои аҳли башар, аз ҷумла минтақаи мо ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтаанд.
Дигар хатари ҷиддие, ки метавонад оромиву суботи ҷомеаи моро халалдор созад, шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои зикршуда ва кӯшишҳои халалдор сохтани вазъи муътадили ҷомеа ҳамеша ҳушёру омода бошанд ва дар ин раванд ба масъалаи баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳанд.
Имрӯз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ, аз ҷумла дар самти ҷалби ҷавонон аз имконияту воситаҳои технологии пешрафта васеъ истифода мебаранд, ки ин масъала низ бояд дар маркази таваҷҷуҳ ва чораҷӯии роҳбарону масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта бошад.
Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тавассути гузаронидани амалиётҳои махсус садҳо нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дастгир ва ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шудаанд.
Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумлаи хавфу хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон таҳдид менамояд.
Натиҷаи фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, масъулиятшиносӣ ва малакаи баланди касбии онҳост, ки дар тӯли солҳои сипаригардида садҳо гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дастгир ва аз онҳо ҳазорҳо килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос ва содиқ ба давлату миллат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд.
Илова бар ин, дар доираи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эътимод ба давлату миллат тарбия кардани онҳо Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва бо мақсади бо кадрҳои соҳибмаълумот таъмин намудани Хадамоти давлатии оташнишонӣ Коллеҷи оташнишонӣ – техникии вазорат таъсису бунёд гардида, ҳоло дар онҳо садҳо нафар наврасону ҷавонон таҳсил карда истодаанд.
Муҳтарам афсарону сарбозони шуҷои Ватан!
Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои калидии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум назаррас мебошад.
Қӯшунҳои дохилӣ баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар шароити ниҳоят душвору мураккаб ҳамчун аввалин сохтори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбиву ҷангӣ нишон доданд.
Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ҳангоми амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорон ва ба хотири таъмини сулҳу субот дар кишвар садҳо нафар сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки хотираи неки онҳо ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш намегардад ва ҷасорату диловарӣ, матонату фидокории чунин фарзандони содиқи Ватан барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун намунаи ибрат хизмат мекунад.
Имрӯз низ ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ вазифаҳои хизмативу ҷангии худро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро карда, худро ҳамчун ниҳоди боэътимоди ба мушкиливу душвориҳо тобовар нишон дода истодааст.
Дар радифи иҷрои вазифаҳои хизматии рӯзмарра саҳми Қӯшунҳои дохилӣ дар тақвияти амнияти сарҳади давлатӣ низ назаррас буда, онҳо дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳимояи сарҳади давлатӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.
Мо имрӯз аз қисми ҳарбии навтаъсиси Қӯшунҳои дохилӣ боздид кардем.
Иншооту биноҳои қисми ҳарбӣ ба таври замонавӣ бунёд гардида, дар онҳо тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд, ки ин ҳама барои шумо – афсарону сарбозон мебошад.
Мо хуб медонем, ки ташкили шароити мусоид барои пешбурди хизмат омили асосии таъмини омодабошии ҷангии воҳидҳои ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Ба ин мақсад дар зарфи 10 соли охир дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ якчанд иншооту биноҳои нав сохта, тамоми қисмҳои ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.
Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки мо бояд ба тарбияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва мунтазам баланд бардоштани тайёриву малакаи ҷангии афсарону сарбозон минбаъд низ диққати махсус диҳем ва барои онҳо шароит муҳайё созем, ки дар баробари пеш бурдани хизмат ба Ватан ҳатман ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва обутоби ҷисмонӣ машғул шаванд.
Шумо – афсарону сарбозони далеру ҷасури Ватан – фаромӯш насозед, ки ҳар яки мо дар назди наслҳои имрӯза ва ояндаи Ватан барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлати худ ва таъмин намудани рушду инкишофи он, эъмори Тоҷикистони ободу озод ва неруманду пешрафта, муқаддас донистани озодиву ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар масъул ва вазифадор мебошем.
Бовар дорам, ки ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватан барои амалӣ гардидани ин мароми нек ҳиссагузор хоҳед буд.
Шумо бояд доим дар ёд дошта бошед, ки оромиву осоиштагии диёри азизи мо бар ивази ҷоннисорӣ, матонату шуҷоат ва иродаи қавии ҳазорон нафар сарсупурдагони роҳи озодиву истиқлол ба даст омада, таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи он минбаъд аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки шумо вобастагӣ дорад.
Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқату вафодории хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилӣ ба давлату миллат ва сарзамини муқаддасамон итминони комил дорам.
Бори дигар тамоми кормандони милитсия ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тандурустӣ, рӯзгори обод ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!
Сарчашма:president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх