ҲАМАИ ХАБАРҲО
Муҳтарам олимону донишмандон!
Ҳозирини гиромӣ!
Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид.
Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.
30 май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.
28 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни сиюмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд.
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба маркази таълимии "Пойтахт" дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, нахуст бинои наву замонавии 4 ошиёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Яке аз сабабҳои асосие, ки гуногунфаҳмии терроризмро ба миён меоварад ва омӯзиши онро мураккаб мегардонад, шаклҳои зоҳиршавии амалҳои террористӣ мебошад. Барои оне, ки махсусияти зуҳури амалҳои террористӣ дар олами муосир нишон дода шавад, пеш аз ҳама, шаклҳои гуногуни зоҳиршавии терроризмро бояд ба инобат гирифт. Ҳарчанд масъалаи гурӯҳбандии терроризм ва ба навъҳои мухталиф ҷудо намудани онҳо аз ҷониби баъзе муҳаққиқон омӯхта шуда бошад ҳам, дар ин самт ҳанӯз ҳам мушкилиҳо зиёданд.
Дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти семинари омӯзишӣ барои кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Коррупсия: мушкилиҳо ва роҳҳои муқовимат» доир гардид.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар исбот сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шӯълаи умедро ба ояндаи дурахшон бирафрӯзанд Раҳмон Озода Эмомалӣ.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ оғоз ёфта, ба бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Мутаассифона, баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари мудохилаи ошкор аз хориҷи кишвар, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид. Дар ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода, беш аз 1 миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.
Дар чунин давраи ниҳоят душвор ягона сохторе, ки метавонист вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоиро ба эътидол оварад Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шӯрои Олӣ чун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Дар чунин вазъияти мураккаб 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ карда, дар он намояндагони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ќирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндагони мухолифин ширкат варзиданд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчӣ зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, аз хатарии нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.
Дар Иҷлосия тасдиқ гардидани рӯзномаи он ва баъдан интихоби роҳбари давлат яке аз масъалаҳои муҳим ҳисобида мешуд. Чунки рафти кори Иҷлосия, муҳокима, қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба Сарвари нави давлат вобастагии калон дошт. Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат коре басо мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи тақдирсоз баргузор мегардид, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро ба зимма гирифтан намехостанд. Дар Иҷлосияи таърихии Қасри Арбоб, ки дар замони тасаллути ошуфтагӣ ва бенизомиву бесуботӣ дар авзои сиёсӣ ва умури идораи мамлакат, дар замоне, ки аз ҳеҷ самте роҳи наҷот ба чашм намерасид, баргузор гардид, умед фақат ба шахсияте буд, ки бо эътимод ба фазли Илоҳи ва рӯҳи бузургворони миллат мулку мардумро соҳибӣ кунад, дар роҳи растагорӣ, дар роҳи расидан ба саодатӣ миллӣ ҳодиву роҳнамо бошад. Аз ин рӯ ба номзадии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санаи 19 ноябр интихоб шуданаш аз ҷониби 186 нафар вакил туҳфаи миллати тоҷик мебошад. Зеро танҳо ин шахсияти худодод метавонист ин масъулияти басо вазнин, вале таърихӣ-гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъи ҷанг, таъмин намудани сарҷамъии миллат ва пешгирӣ кардани хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба дӯш гирад. Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо- Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷараёни ҳамин иҷлосияи тақдирсоз қабул карда шуданд.
Барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ дар партави қарорҳои Иҷлосияи XVI зарурати қабули Конститутсия пайдо мегардид, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шавад. Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва дар заминаи он минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.
Конститутсия сохтори давлатдории Тоҷикистонро ба сифати давлати ягона муайян намуд. Дар он тартиби нави муносибати байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шуд. Фаъолияти вазоратҳои корҳои дохила, амният, мудофиа ва Прокуратураи генералӣ дар асоси талаботи нави Конститутсия аз нав сохта, ба ин соҳа кадрҳои баландихтисос сафарбар шуданд. Вазъияти шадиди Афғонистон, алалхусус, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ водор намуд, ки соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Пас аз пурра татбиқ гаштани нуқтаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, яъне соли 2000-ум, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ба кор бурдани тамоми имкониятҳои давлат ба бунёди иншоотҳои барои пешрафти минбаъдаи мамлакат муҳим, аз ҷумлаи роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷ ва истифодаи канданиҳои фоиданок, бунёди неругоҳҳои хурду бузург, нақбҳо ва даҳҳо сохтмонҳо оғоз намуда, корхонаҳоеро, ки қисман ва ё тамоман аз фаъолият бозмонда буданд, ба кор даровард. Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ то 33 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 130 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Дар замонӣ соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа диққати махсус зоҳир гардида, 173 муассисаи таълимии типи нав-литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардид. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.
Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шуд. Маҳз ба хотири аҳамияти бузурги саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, солҳои 2022-2026 аз ҷониби Пешвои миллат «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.
Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем, бо итминони комил гуфта метавонем, ки мо аз сангинтарин имтиҳони таърих ва рӯзҳои пурталотуми эъмори давлатдории миллиамон гузашта, имрӯз ба сулҳу суботи комил расидем ва ин дастоварди нодири халқамонро чун гавҳари бебаҳо ҳифз мекунем.
Шерзод М., мутахассиси
бахши минтақавии Агентии
хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх