ҲАМАИ ХАБАРҲО
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 21 майи соли равон ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои (марказҳои) таълимии тобеи мақомоти давлатӣ ва натиҷаи мониторинги супоридани эъломияҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯи масъалаҳои пешбинишуда сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилоот Латипов Ф.А. ва сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ Рауфзода М.Ш. гузориш доданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлия Собирзода И.,директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ғанизода И.Ғ., сардори Маркази таълимии шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовар Исмоилиён Т.И., директори Муассисаи давлатии Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҷабов Р., директори такмили ихтисоси кормандони мақомоти молияи Вазорати молия Ҷураев Х.Ғ., сардори Маркази такмили ихтисоси Кумитаи андоз Ҳалимхонов А.А., муовини директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералӣ Сафарзод С.Ш., муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илм Акобиров Шоҳсафар, сарнозири кафедраи ташкили назорати гумруки ва информатикаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ғуломзода Ш.Х., сармутахассиси Маркази таълимии судяҳои Суди Олӣ Нусратуллозода О. ва сардори раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқии Вазорати кишоварзӣ Усмонова Ҳ.Ҳ. иштирок намуданд.
Зимни баррасии масъалаи якум масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт ҳамаҷониба таҳлил карда шуд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома қайд гардид, ки дархости Агентии хизмати давлатӣ аз 4 декабри соли 2020, №04-2474 ба мақомоти давлатӣ дар бораи аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ барои давраи соли 2020 пешниҳод намудани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ба мақомоти андози маҳалли зист ва эъломияҳо оид ба вазъи молумулкӣ ба мақомоти давлатии ҷойи кор ирсол карда шуд.
Ҳамчунин ба мақомоти давлатӣ қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411 «Дар бораи эъломия оид ба андоз аз даромад» ва №412 «Дар бораи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ» дар шакли китобча нашр карда шуда, 600 адад барои истифода ва ташкили эъломиясупорӣ ирсол карда шуданд.
Ҳамчунин бо мақсади расонидани кумаки методӣ ба хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ дар раванди эъломиясупории хизматчиёни давлатӣ, хонапурии дурусти эъломияҳо ва пешниҳоди онҳо ба мақомоти давлатии дахлдор семинарҳои дурӯзаи омӯзишӣ оид ба татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411 ва №412 барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва хизматчиёни давлатии мақомотҳои иҷроияи марказии ҳокимяити давлатӣ ҷамъ 18 семинари дурӯза бо иштироки568 нафар масъулини мақомоти давлатӣ баргузор карда шуд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки аз 18641 нафар хизматчиёни давлатие, ки дар вақти супоридани эъломияҳо дар мақомоти давлатӣ кор мекарданд, 18458 нафар ё 99 фоиз эъломияҳо дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкиро тибқи талаботи қонунгузорӣ то 1 апрели соли 2021 ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудаанд.
Зимни баррасии масъалаҳо муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О., ректори Академияи идоракуни давлатӣ Ғафурзода А.Д., инчунин намояндагони муассисаҳои (марказҳои) такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати иҷро ирсол карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх