ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар оғоз мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср бародари арҷманди худ, Ҷаноби Олӣ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ
барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Мисри дӯст самимона изҳори миннатдорӣ намоям.
Имрӯз мо бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср гуфтушунидҳои хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо доштем.
Дар ҷараёни музокироти имрӯза мо ба мувофиқаҳои арзишманд ва муҳим расидем.
Дар фарҷоми музокирот як қатор санадҳои ҳамкориро, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи моро такмил медиҳанд, ба имзо расонидем.
Мо аз натиҷаҳои сафари худ ба Мисри дӯст қаноатманд ҳастем.
Ҳозирини гиромӣ!
Зимни суҳбати хосса ва музокироти васеъ мо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Мисрро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин раванд, ҳамкориҳои созанда ва судмандро ба манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар созгор донистем.
Изҳори итминон намудем, ки мувофиқаҳои имрӯз бадастомада барои ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитариву фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Мо нақши робитаҳои байнипарламентиро дар роҳи густариши ҳамкории фарогири дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, ташкил ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентиро дар ин раванд боаҳаммият шуморидем.
Мо тавсеаи бештари ҳамкориро дар соҳаҳои саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ, инчунин, фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кардем.
Дар баробари таъкиди нақши созандаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ҳамчун василаи самарабахши баррасии маҷмӯи масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ояндадори робитаҳо миёни ду кишвар аз фаъолиятҳои бештар муназзами ҷаласаҳои минбаъдаи он ҷонибдорӣ намудем.
Таъкид кардем, ки баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар барои густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур нақши муҳим хоҳад дошт.
Ду ҷониб дар робита ба зарурати афзоиши ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ бо истифодаи имконоту фурсатҳои мавҷуда ҳамназар буданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода аз самтҳои ояндадори муносибатҳои миёни ду кишвар дониста шуд.
Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Миср аз тариқи табодули таҷриба дар самти бунёд, идора ва густариши фаъолияти ин минтақаҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди онҳо изҳор карданд.
Мо, бо таъкид ба зарурати рушди ҳамкории фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Миср дар заминаи арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ, дар робита ба баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои якдигар, таҷлили муштараки ҷашнҳои бузургони адаб ва фарҳанги гузашта, роҳандозии робитаҳо ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ба мувофиқа расидем.
Ҷонибҳо алоқамандии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷудаи байни ду кишвар изҳор намуданд.
Ҳамзамон бо ин, мо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусуссияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом додем.
Ду ҷониб бо ёдоварӣ аз мавқеи ҳамсон ё ба ҳам наздики худ дар масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибдории худро аз идомаи муносибатҳои шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо дарназардошти манфиатҳои муштарак иброз намуданд.
Тоҷикистон ва Миср барои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар масоили марбут ба амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигар омодагии худро эълон доштанд.
Густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, киберҷиноятҳо, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатарҳо, ки ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳдид мекунанд, зарур дониста шуд.
Дар робита ба масъалаҳои амниятӣ атрофи роҳҳои ҳарчӣ зудтар поён ёфтани низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва инчунин, Афғонистон табодули афкори муфассал сурат гирифт.
Масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор доштанд.
Дар ин зимн мо мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистонро, ки 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, таъкид карда, аз ҷониби Мисрӣ барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии мо дар соҳаи обу иқлим изҳори сипос намудем.
Ҳамзамон бо ин, ибтикороти ҷониби Мисрро оид ба пешгирии гармшавии иқлим иқдоми муҳим арзёбӣ карда, ҷонибдории худро аз рӯзномаи Саммити тағйирёбии иқлим, ки соли равон дар Миср баргузор мегардад, изҳор намудем.
Мо самараи боздиди расмии худро аз сарзамини бостонии Миср умедбахш медонем ва итминон дорем, ки татбиқи аҳду паймони ҳосилшуда оғози накӯи марҳалаи нави муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар хоҳад гардид.
Ман аз Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ даъват ба амал овардам, ки дар замони барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оваранд.
Бори дигар ба Шумо, Ҷаноби Президент ва дар симои Шумо ба мардуми шарифи Миср барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос менамоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх