ҲАМАИ ХАБАРҲО
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
1.Сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд-1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбӣ ихтисосҳои рўзноманигорӣ, шарқшиносӣ ва филологӣ бартарӣ дода мешаванд);
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1186 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Сармутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд-1 ҷой,
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбӣ ихтисоси ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мешаванд);
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд;
3.Мутахассиси пешбари шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси вилояти Суғд-1 ҷой,
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ бартарӣ дода мешаванд);
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи муроҷиат ва қабули дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ 972 сомонӣ,, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4.Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд -1 ҷой,
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои кадршинос, ҳуқуқшинос, омўзгор, психолог, сотсиолог, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, дигар мутахассисони соҳаи гуманитарӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ бартарӣ дода мешаванд);
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ 972 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
5.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд -1 ҷой,
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд;
6.Мутахассиси пешбари бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд -1 ҷой,
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбӣ ихтисоси кишоварзӣ ва агрономӣ бартарӣ дода мешавад)
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба танзим медароранд;
7.Мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-1 ҷой,
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ (ба таҳсилоти олӣ ихтисосҳои иқтисодчӣ, ҳуқуқшиносӣ ва идоракунии давлатӣ бартарӣ дода мешавад);
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ 800 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
8.Сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-1 ҷой,
-таҳсилоти олӣ (ба таҳсилоти олии касбӣ ихтисосҳои диншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, шарқшиносӣ ва филологӣ бартарӣ дода мешаванд), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба танзим медароранд;
9.Мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-2 ҷой,
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ (ба таҳсилоти олии касбӣ ихтисосҳои диншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, шарқшиносӣ ва филологӣ бартарӣ дода мешаванд), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба танзим медароранд;
10.Мутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-1 ҷой,
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ (ба таҳсилоти олии касбӣ ба ихтисосҳои гуманитарӣ бартарӣ дода мешаванд), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба танзим медароранд;
11.Сармутахассиси шуъбаи идораи амволи давлатии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд -1 ҷой,
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбӣ ихтисоси иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад);
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳоимансабии сармутахассиси шуъбаи идораи амволи давлатии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба танзим медароранд;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳоимансабии мутахассиси пешбари шуъбаи сармоягузории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба танзим медароранд;
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбӣ ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мешаванд);
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба танзим медароранд;
14.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди рақобат ва танзими фаъолияти монополияҳои табиии Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд -1 ҷой,
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи рушди рақобат ва танзими фаъолияти монополияҳои табиии Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба танзим медароранд;
15.Мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд -1 ҷой,
- таҳсилоти олӣ (ба таҳсилоти олӣ ихтисоси кадршинос, ҳуқуқшинос, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар мутахассисони соҳаи гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба танзим медароранд;
16.Мутахассиси Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд -1 ҷой
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ (ба таҳсилоти олӣ ихтисоси иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Маоши мансабӣ 800,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба номи Раиси вилояти Суғд;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;
-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣқабул карда мешаванд.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев 45, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 4, утоқи № 421 шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят, телефон 4-65-09, факс 4-65-10, суроғаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх