ҲАМАИ ХАБАРҲО
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
27 августи соли равон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021,№213 «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муовини сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насуллозода Файзулло Насулло барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ бо медали «Хизмати шоиста» ќадрдонӣ шуд.
Мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар Салим қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳозиронро ба муносибати ҷашни миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол буда, беҳтарин неъмат барои халқи тоҷик ба шумор мераванд. Ба шарофати истиқлолият ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик амалӣ гардида, имрӯз зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон Истиқлолияти кишвари моро эътироф намуда, робитаҳои сиёсию иқтисодӣ, тиҷоративу фарҳангӣ ва ғайра барқарор намудаанд. Дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иљтимоӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2021, №232 «Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ» ба Юнусзода Илҳомиддин Ғафор сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ, Рауфзода Муҳамадюсуф Шарифбек сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва Насуллозода Файзулло Насулло муовини сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насуллозода рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи 3 дода шуд.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Насуллозода Ф.Н. ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки минбаьд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талошро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани ватани маҳбубамон равона месозад.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх