ҲАМАИ ХАБАРҲО
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Олиҷанобон,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайрамақдам мегӯям!
(Лексия-суҳбати Дилноза Аҳмадзода - муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо хизматчиёни давлатӣ - шунавандагони курси такмили ихтисос)
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати нақшофарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани «Соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиа бо даъвати намояндагон аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманди таҳлилии соҳавӣ бо иштироки занон-хизматчиёни давлатии ҳарбӣ ва шаҳрвандии Вазорати мудофиа ташкил гадид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 1 марти соли 2022 дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) вобаста ба интихоби номзадҳо
барои таҳсил дар докторантураҳои донишгоҳҳои Япония барои солҳои 2022-2024 тариқи мусоҳиба баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа директори Агентӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хесигава, муовини роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) Кукичи Такеши, роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миякава Такаши (фосилавӣ), мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, сардори раёсати кадҳои Вазорати корҳои хориҷӣ Ибодзода Анвар иштирок намуданд.
Ҷаласаро директори Агентӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония вобаста ба омода намудани мутахассисон дар доираи татбиқи Лоиҳаи JDS барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол тавсеа ёфта, дар доираи Лоиҳаи мазкур то имрӯз 90 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд.
Аз ин теъдод 60 (зан-7) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 33 (зан-2) нафар ё 55,0 фоиз аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд. Айни замон таҳсили 30 нафар (27 нафар дар магистратура ва 3 нафар дар докторантура) идома дорад.
Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ барои татбиқи самарабахши Лоиҳаи JDS, тарғиби ҳадафњои он миёни хизматчиёни давлатӣ, ҷалби кадрҳои болаёқат барои таҳсил дар доираи Лоиҳаи мазкур тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мегарданд.
Бо мақсади танзими ҳуқуқӣ ва интихоби муташаккилонаи довталабон ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо оид ба интихоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсил дар Япония (солҳои 2022-2023 барои магистратура, солҳои 2022-2024 барои докторантура) Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Лоиҳа оид ба бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Пешниҳоди стипендияҳо барои тайёр кардани кадрҳо», инчунин Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ба имзо расонида шуданд.
Дар асоси санадҳои болозикр моҳҳои ноябр-декабри соли 2022 чорабиниҳои таблиғотии Лоиҳаи JDS гузаронида шуда, дар маҷмӯъ 448 (зан-128) нафар намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Дар робита ба ин, 67 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои худро барои таҳсил дар магистратураи донишгоҳҳои Япония пешниҳод намуда, санаи 30 январи соли 2022 имтиҳони якум (TOEFL) бо иштироки 62 нафар баргузор карда шуд.
Чорабиниҳои минбаъда оид ба интихоби довталабон барои таҳсил дар магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония, ҷамъ 16 нафар, тибқи ҷадвали тастиқшуда идома дода мешавад.
Директори Агентӣ изҳори боварӣ намуд, ки Комиссияи идоракунии Лоиҳаи JDS низ чун ҳамешагӣ барои амалисозии ҳадафҳои Лоиҳа тибқи нақшаи тасдиқгардида фаъол хоҳад буд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх