ҲАМАИ ХАБАРҲО
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мулоқоти анъанавии мову шумо дар давраи ба анҷом расидани мавсими киштукори баҳорӣ ва оғози ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.
Мо бояд масъалаҳои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ, самаранокии он, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин ва дигар захираву имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаро баррасӣ намоем.
Бегоҳии рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо рафти корҳои аввалия барои бунёди ин иншоот, ки аз 16 ошёна иборат хоҳад буд, шинос шуданд.
24 май дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсуро ба ҳузур пазируфтанд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншооти сохташаванда шинос шуданд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, дар деҳаи Яккатути деҳоти Корези ноҳия ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии “Насими диёр” расман оғоз бахшиданд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара баъди ба истифода додани гулгашт ва майдони Парчами давлатӣ, бинои нави Маркази ташхис ва табобатро мавриди истифода қарор доданд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Ба озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи шакли муқарраршуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- 2 дона расми рангаи 4х6 ва 2 дона 3х4;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад);
- маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия);
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;
- СИН суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ;
- маълумотнома (справка- объективка) хаттӣ ва электронӣ.
- маълумотномаи надоштани доғи судӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар озмун дар давоми 21 рўз аз лаҳзаи нашри эълон дар нашрияҳои расмӣдар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ - 42 қабул карда мешаванд.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Телефон барои тамос: 221-98-35.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх