ҲАМАИ ХАБАРҲО
17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия муҳтарам Зоран Миланович барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дар оғоз бори дигар ташрифи меҳмони гиромӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён пас аз мулоқоту музокирот ва маросими имзои санадҳо барои воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ оростанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри Миллат идома ёфт.
16 январ маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид.
Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон,
Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям.
Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2024, №26/10-477 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2024 санаи 28 январи соли 2025, соати 1000 дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, ошёнаи 2 баргузор мегардад.
Фарҳанги интихоботӣ инъикоси сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа мебошад, ки тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин карда мешавад. Фарҳанги иштирок дар интихобот тақозо менамояд, ки он бояд бо риояи дақиқи меъёрҳои пазируфта амалӣ шавад, то ин ки дар таъмини ҳуқуқи интихоботии дигар шаҳрвандон халал ворид нагардад.
Санаи 8 январи соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардида, дар кори он аъзои ҳайати мушовара, Давлатов Ҷ.М. - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувватзода С.З. – мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳ.Ҷ. - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Одиназода Ф.Ҷ. – ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 марти соли 2025 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст.
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2 марти соли 2025 таъйин карда шудааст, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст, идома доранд.Тартиби иштироки шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ чӣ гуна аст? Шарҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ манзур мегардад.
Санаи 2 январи соли равон омӯзиши идоравии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Муаррифии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 28 декабри соли 2024» баргузор гардид.
Санаи 29 декабри соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Япония даври якуми озмун (TOEFL) бо иштироки 43 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ дар Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардид.
Санаи 28 декабри соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда мешаванд.
Дар қисмати аввали маҷлис нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, соли 2024 дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар як қатор пешравиҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба миён омад.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти кишвар рушди иқтисодиёт дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд.
Ба таъкиди Сарвазири кишвар дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 154,3 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 - 22,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 - 0,2 банди фоизӣ кам мебошад.
Соли гузашта нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро гардида, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2024 нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,3 фоиз ё 20,4 млрд. сомонӣ ва Хадамоти гумрук 106,8 фоиз ё 9,7 млрд сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақша мутаносибан 1 млрд. 18 млн. сомонӣ ва 618 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3,8 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 9,4 фоиз зиёд мебошад.
Сарвазири кишвар иброз доштанд, ки дар соли ҳисоботӣ суръати рушди соҳаи саноат 20 фоиз таъмин ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 53,8 млрд. сомонӣ баробар гардид.
Соли 2024 дар ҳудуди кишвар 740 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси наздики 20 ҳазор ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда мавриди истифода қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини устувории низоми энергетикии кишвар ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ дар соли сипаришуда корҳо дар доираи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, кам намудани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми биллингии он, электрофикатсияи деҳот, бунёди хатҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва солимгардонии вазъи молиявии соҳа ба маблағи умумии 1,7 млрд. доллар ба роҳ монда шуд.
Соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 74 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он ба 10,6 фоиз, аз ҷумла растанипарварӣ 13,4 фоиз ва чорводорӣ 4,9 фоиз баробар гардид.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуд.
Тибқи маълумоти пешакӣ дар соли 2024 ба кишвар 4,9 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2023 - 2,1 млрд. доллар ё 73 фоиз зиёд мебошад.
Дар соли 2024 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар кишвар 90 адад ва ҳаҷми маблағи онҳо 51,9 млрд. сомониро ташкил намуд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои амалӣ соли 2024 гардиши савдо 13,6 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 65,8 млрд. сомонӣ баробар гардид.
Сарвазири кишвар изҳор доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 744 адад расид, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 27 муассиса зиёд мебошад. Шумораи марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак бошад, дар ин давра 503 адад зиёд шудааст.
Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 273 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 57 610 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардид. Дар маҷмуъ 2 миллиону 357 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Соли ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос 23 ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 3,7 млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2023 - 12,6 фоиз зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар сиёсати давлати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.
Давоми соли 2024 бо мусоидати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, аз ҷумла тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 22,5 ҳазор нафар ба намудҳои гуногуни шуғл таъмин гардиданд.
Дар соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 247 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд, ки аз ин 74 ҳазор доимӣ мебошад.
Тавре зикр гардид, пешравиҳо дар самти рушди сайёҳӣ, тарғибу ташвиқ ва ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар соли 2024 1,4 млн. сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти баргузории чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва маърифатӣ фаъолияти сохторҳои давлатӣ тақвият дода шуд.
Бахусус баргузории барномаи фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО, инчунин ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардидани “Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” аз қабили руйдодҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои самти иқтисод ва молия дар пайи ҳисоботашон доир ба дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи кишвар Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода ҳисобот доданд.
Дар идомаи маҷлис Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк Алиҷон Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа оид ба рафти иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи рушди соҳаҳо ба Сарвари давлат гузориш доданд.
Зимни ҳисоботи вазири кишоварзӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, ки яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойҳои фаровони корӣ барои мардум аст, ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ супоришҳои қатъӣ доданд.
Ҳамчунин супоришҳои мушаххас доир ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла иҷрои ҳадафҳои солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, дигар барномаҳои давлатӣ, афзун намудани иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ ва кам кардани талафоти барқ дода шуд.
Сарчашма:president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх