Президент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 3846
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама ҳозирин ва мардуми шарифи кишварро бо санаи муҳими таърихӣ солгарди ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки мо ба ваҳдати миллӣ маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди кишвар расидем ва он оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.
Муфассал: Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 4335
Ҳамватанони гиромӣ!
Бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузории амиқ ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.
Ин санаи муҳим, ки мо ба он маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди мамлакат расидем, оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.
Муфассал: Суханронӣ ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 3730
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, иқдоми назаррас дар роҳи беҳтарсозии шароити зисти кормандони сохторҳои давлатӣ ва мутахассисони баландихтисоси соҳа арзёбӣ мегардад.
Муфассал: Ифтитоҳи бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 3990
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ҶДММ Неъматҳои Помир ва обҳои табиии ташнашикани ҶДММ Нарзани Помирро ифтитоҳ намуданд.
Коргоҳи технологии Неъматҳои Помир, ки маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб истеҳсол мекунад, бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардида, иқтидори истеҳсолии он то 3 тонна маҳсулоти гӯштӣ дар як шабонарӯз мебошад.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 4036
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо Лоиҳаи сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази хизматрасонию, тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон, ки дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур сохта хоҳанд шуд, шинос шуданд.
Нахуст, ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди бинои баландошёнаи хонаҳои истиқоматӣ муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қабати якум ва дуюми бино маркази хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ пешбинӣ шуда, дигар ошёнаҳо иборат аз хонаҳои истиқоматии 1,2 ва 3 ҳуҷрадор хоҳанд буд. Масоҳати замин ва зери сохтмони иншоот мутаносибан 0,28 гектар ва 1 ҳазору 276 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 4105
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ба истифода дода, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.
Иншоот дар доираи истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалишавии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рӯи даст гирифта шуда, аз ҷониби соҳибкорзани муваффақ Гуланор Одилбекова бунёд ёфтааст.
Бино дар маркази шаҳри Хоруғ дар масоҳати умумии 280 метри мураббаъ бо риояи талаботи шаҳрдорию шаҳрсозии муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат аст.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 4017
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ иншооти навбунёди 6-ошёнаи Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2021 аз ҷониби 5 соҳибкори ватандӯст, оғоз гардида буд. Иншоот бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ дар масоҳати умумии 643 садяк замин бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир бунёд шудааст.
Муфассал: Ифтитоҳи Марказҳои фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқи касабаи ВМКБ дар шаҳри Хоруғ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 12
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ бинои навбунёди 3-ошёнаи чойхонаи Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони иншооти мазкур дар маркази шаҳри Хоруғ моҳи марти соли 2016 оғоз гардида, моҳи июни соли равон ба итмом расонида шуд.
Бинои навбунёд дар масоҳати умумии 1000 метри мураббаъ дар маркази шаҳр қомат афрохтааст.
Чойхонаи Хатлон дорои меҳмонхонаи замонавӣ буда, дар он 24 ҷойи хоб барои меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудааст.