Президент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 176
9 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Ҷей Текстайл” шинос шуда, барои бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузоштанд.
Корхонаи дӯзандагии “Ориён Ҷей Текстайл” дар масоҳати 8 ҳазору 906 метри мураббаъ бо харҷи 1 миллион доллари амрикоӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардида, яке аз калонтарин корхонаҳои саноати дӯзандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 150
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати “Сайҳун” оғоз бахшида, аз шароити кор ва имкониятҳои коргоҳ диданд карданд.
Коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбари ширкати “Сайҳун”, соҳибкори ватандӯст Исмоилов Нозимҷон ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Муфассал: Ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ҶДММ “Сайҳун” дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 176
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо ҳадафи боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон бунёд шудаанд, дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ - роҳбари ширкати ватании “Амид” Саидамон Исомаддинов сохта шудааст.
Муфассал: Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 195
9 сентябр Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО" оғоз бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманон Тошхӯҷаев бунёд карда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо раванди фаъолият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона дастгоҳу технологияи муосир, ки тавлиди кишварҳои рушдёфта мебошанд, насб карда шудааст.
Муфассал: Ифтитоҳи ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО" дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 189
9 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаҳои дӯзандагӣ дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шуда, дар он 900 нафар дар ду баст ба кор таъмин гардидаанд.
Муфассал: Ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Ситораи тоҷ” ва ҶДММ “Лидер” дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 155
Ҳамватанони азиз!
Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид.
Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд.
Муфассал: Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 195
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мулоқоти мову шумо дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.
Фарорасии ин ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро ба мардуми мамлакат, аз ҷумла ба сокинони заҳматқарини ноҳияи Ашт самимона табрик гуфта, ба тамоми мардуми сарбаланди вилояти Суғд, бахусус, ноҳияи Ашт барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён менамоям.
Муфассал: Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ашт
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 141
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот намуданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони вохӯриро бо фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Президенти кишвар зимни суханронӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Аштро таҳлилу баррасӣ намуда, барои иҷрои корҳои созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Муфассал: Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт