Президент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 200
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Сафина» бо 100 нафар ятимон ва маъюбони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мулоқот намуда, суҳбати самимӣ оростанд.
Тибқи иттилои масъулин ҳоло дар ноҳияи Рӯшон қариб 240 ятим, аз ҷумла 7 нафар ятими кулл ва наздики 100 нафар шахсони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Муфассал: Тақдими туҳфа ба ятимон ва маъюбон дар ноҳияи Рӯшон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 253
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар маркази ноҳия сохта мешавад, шинос шуданд.
Зимни муаррифии лоиҳа масъулон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои мазкур аз панҷ ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,22 гектар сохта хоҳад шуд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа 24 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ ба нақша гирифта шудааст. Мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгир мебошанд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 188
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшиданд.
ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ниёзбегим Абдулова таъсис ёфт.
Корхона аз рӯи самти фаъолият дар ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 1200 тонна меваи хушк ва 500 ҳазор қуттии шартии консерваи меваю сабзавотро ташкил медиҳад.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 218
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон аз гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” боздид намуданд.
ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъсиси ҷойҳои кории нав ва фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза аз ҷониби соҳибкор Ҳамдам Давлатмамадов сохта шудааст.
Муфассал: Ифтитоҳи гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” дар ноҳияи Рӯшон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 202
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маркази ноҳияи Рўшон дар вазъияти тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар асоси лоиҳаи ҷолиб, дар паҳлуи парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шудааст.
Муфассал: Ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 188
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Муфассал: Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 222
11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба робитаҳои дӯстию бародарӣ бо мардуми туркман, ҳамкории аҳли зиё ва гиромидошти шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махдумқулӣ Фироқӣ, ки бо сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодрӯзаш васеъ таҷлил мегардад, андешаронӣ намуданд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 199
11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.