User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос ва такмили пайвастаи донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ мунтазам тадбирҳои зурурӣ меандешад.
Дар ин замина сайёри такмили ихтисос барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз руйи барномаи «Худидоракунии маҳаллӣ дар шароити муосир» бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд Латипов Фирдавс Асрорович, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдуалимзода Исмоил Иброҳим ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор оғоз гардид.
Курси мазкур давоми 46 соат аз 21 то 26 апрели соли 2025 идома ёфта, дар ҷамъбаст мизи мудаввар ташкил карда шуда, ба шунавандагон «Гувоҳнома» тақдим карда мешавад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон