User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар ҳамоиши идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ директори Агентии хизмати давлатӣ Идрисзода Илёс Мумин бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз кормандони Агентӣ ва хизматчиёни давлатиро табрику  муборакбод гуфта, ба онҳо тани сиҳат, саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, илҳому нерўи тоза ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои беназирро орзу намуданд.

Зимни суханронӣ қайд намуданд, ки   мо ифтихор аз он мекунем, ки аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги аҷдодиамон–Наврӯз бо тамоми расму суннатҳои дерини худ эҳё шуда,  дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Бо фаро расидани  Наврӯз табиат зинда гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, ҳаракат ба оромӣ  пирӯз мегардад.  Тибқи анъанаҳои неки наврӯзӣ бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон айёми кишту кор ва дигар корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани наҳру ҷӯйҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо, сарсабзгардонӣ  ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад.

Наврӯз ёдгори беназири ниёгони мо буда, далели бузурги ҳастии бостонии ин миллати куҳанбунёд ва исботи равшани ҷаҳонбинии илмии  ниёгони мо мебошад. Наврӯз на танҳо ҷашну шодмонӣ, балки муаррифгари таъриху фарҳанги бузурги мо дар сатҳи ҷаҳонист.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки Наврӯзи бостонӣ бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ҷаҳонӣ гардида, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи  «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Тибқи Қатъномаи мазкур ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Ҳамзамон, ҷашни Наврӯз дар Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО расман сабт гардид.

Ҷашни бостонии Наврӯзи дилафрӯз, ки дар ин айёми фараҳбахш дар  Тоҷикистони азизи мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба аслу насаби хеш ва эҳёи беҳтарин ва зеботарин  расму ойин ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик мебошад, боиси ифтихори ҳар яки мо буда, арзишҳои олии онро мо бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону дастгириву аёдати калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад. Боиси қаноатмандист, ки шахсони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонамонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.

Дар баробари ин, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллиамон – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди ҳазорон иншооти истеҳсоливу иҷтимоиро ба нақша гирифта, имрӯзҳо шаҳру ноҳия ва деҳоти кишварро ба арсаи бузурги  фаъолият ва заҳмати  созанда табдил додаанд. 

Аз ҷумла, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Агентии хизмати давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, чорабиниҳои  идонаро шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшанд.

Ҳамчунин дар ҳамоиши идона муовини директори Агентӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, сардорони шуъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ Шарифзода Аъзамҷон Нуралӣ, ташкилию иттилоотӣ Кенҷазода Мирзо Анвар, кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Агентӣ бо суханҳои табрикотии худ ба ҳамоиш ҳусни тоза бахшида, иштирокчиёни чорабиниро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуданд.