Санаи 23 ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Ҳилтон- Душанбе (Hilton Dushanbe) бо иштироки намояндагони Гӯруҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар назди Котиботи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Одинаев О.М. муаррифии модули иттилоотӣ - омӯзишӣ оид ба масъалаҳои мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Ҳадафҳои рушди устувор баргузор карда шуд.
Дар машғулияти мазкур масъалаҳо оид ба консепсияи асосии мониторинг ва арзёбӣ, таҳияи нақшаҳои мониторингӣ ва арзёбӣ, беҳтаргардонии истифодаи маълумоти мониторингӣ ва арзёбӣ, воситаҳои идоракунии мониторинг ва арзёбӣ, низоми мониторинг ва арзёбии Њадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии низоми мониторинг ва арзёбӣ дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки мақсад аз ин мониторинг расонидани кӯмак ба мутахассисони вазорату идораҳо оид ба амалисозии ҳуҷҷатҳои стратегии Тоҷикистон дар ташкили низоми мувофиқашудаи мониторингӣ ва арзёбӣ мебошад ва ҳамчунин ташкили чунин машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Низоми устувори мониторинг ва арзёбӣ ба истифодаи самароники маълумот ва захираҳо мусоидат намуда, муқоисашаванда будани маълумотро аз рӯи муҳлат таъмин мекунад ва такрори кушишҳоро дар ин самт коҳиш медиҳад.
Насулозода Ф.Н. - сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ зимни натиҷагирии машғулият, баромад намуда қайд намуд, ки Агентии хизмати давлатӣ омодааст, ки дар мавриди аз ҷониби шарикони рушд маблағгузорӣ намудани барномаи мазкур, модули иттилоотӣ- омӯзиш оид ба масъалаҳои мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро барои масъулини соҳаи иқтисоди мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намояд.
Дар интиҳо қайд карда шуд, ки амалисозии ҳамгуна ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар аз истифодаи донишу малакаи кормандони вазорату идораҳо ҷиҳати пешрафти кишвар иборат мебошад.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон