User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 13 октябри соли ҷорӣ дар идомаи сафари кории роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд аёдати шахсиятҳои барӯманд, хизматчиёни давлатии собиқадор, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.

Аз ҷумла, дар ин рӯз Ҷумъахон Давлатов- директори Агентии хизмати давлатӣ, Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Мавсума Муинӣ- раиси шаҳри Бӯстон, Лоиқ Ӯрунзода- сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва масъулини хадамоти кадрии вилояти Суғд барои аёдат ба хонаи хизматчии давлатии собиқадор, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ташриф оварданд.

Ҳайати роҳбарият аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба собиқадори хизмати давлатӣ Оқил Оқилов таҳният намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ зикр карда шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷумҳуриро равшан намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу соботи воқеӣ расида, имрӯз дар қатори 10 кишвари амнтарини дунё ҷойгир шудааст.

Дар навбати худ собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро неъмати бузург арзёбӣ карда, аз ҷонфидоиҳои Президенти мамлакатамон ёдовар шуданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки чунин иқдом аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ амалӣ карда мешавад.

 

                                                                                                                             Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон