Санаи 13 октябри соли ҷорӣ дар идомаи сафари кории роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд аёдати шахсиятҳои барӯманд, хизматчиёни давлатии собиқадор, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Аз ҷумла, дар ин рӯз Ҷумъахон Давлатов- директори Агентии хизмати давлатӣ, Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Лоиқ Ӯрунзода- сардори Шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ва масъулини хадамотҳои кадрии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои аёдат ба хонаи марди фозилу инсони комил, хизматчии давлатии собиқадор, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Аҳмадов ташриф оварданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Баҳриддин Аҳмадов собиқ корманди кумитаи ҳизбии Раёсати истеҳсолоти совхозӣ, котиби ташкилоти ҳизбии совхози ба номи Туйчӣ Эрйигитов, узви кумита оид ба таъсиси вилояти Ленинобод, котиби кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Ленинобод, вакили мардумӣ дар шӯроҳои деҳоту шаҳр ва вилоят ҳамчун кадри арзандаву болаёқат кору фаъолият намуда дар пешрафти ҷомеа саҳми муносиби худро гузоштаанд. Баҳриддин Аҳмадов барои меҳнатҳои арзандаашон бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени «Дӯстӣ», Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, унвони «Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон», се медал ва унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» мукофотонида шудаанд.
Зимни аёдат суҳбати самимии роҳбарияти Агентӣ бо шахсияти соҳибэҳтиром - Баҳриддин Аҳмадов сурат гирифта, инчунин эшон аз лаҳзаҳои муҳимтарини Иҷлосияи таърихӣ ёдоварӣ намуданд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки ин иқдом аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ амалӣ карда мешавад.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
