Санаи 12 октябри соли 2022 дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён"- и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи сайёр директори Агентии хизмати давлатӣ- Ҷумъа Давлатов, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Меҳрӣ Олимшо, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ- Дилноза Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд -Биволида Самадӣ, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафаров Абдухолиқ, кормандони Агентии хизмати давлатӣ, шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд, шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дастгоҳ ва мудирони шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар рафти он вазъи иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Айнӣ, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд дар давраи солњои 2020-2022 ва ҳолати таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳамин шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода аз рӯи масъалаи якум ва аз рӯйи масъалаи «Ҳолати таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Айнӣ, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд» сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ Рауфзода М. Ш. гузориш доданд.
Дар қисмати музокираи ҷаласа Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо ва Биволида Самадӣ- роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд суханронӣ намуданд.
Инчунин директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Айнӣ, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд, пурра намудани ҷойҳои холӣ, ҷалби љавонону бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
