User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҳамкасбони азиз!

Бо як ҷаҳон ифтихору саодатмандӣ аз амалӣ гардидани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба якояки Шумо таҳният мегӯям.

Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари орзуву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон мебошад.

Боиси сарфарозист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз баракати Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму талош дар марҳилаи навини давлатсозӣ қадамҳои устувор гузошта, аркони давлатдориро қавӣ, давра ба давра нақшаҳои азими бунёдкориро татбиқ, барои рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат ва рӯзгори осудаю шоистаи аҳолии  кишварамон замина фароҳам меорад.

Истиқлолият дар ҳаёти мо ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ, давлатдории мустаҷил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди босурати саноат, таъсиси ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар фард зуҳур намуд.

Барои ҳар як халқу миллат соҳибистиқлол гардидан беҳтарин неъмат ба ҳисоб рафта, 31  сол аст, ки мардуми шарафманди тоҷик дар бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳм гузошта, дар тӯли ин солҳо халқи мо бо сарбаландӣ имтиҳонҳои душворро низ паси сар намуд.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид».

Давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар партави ин сиёсати созанда миёни вазифаҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои инсонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ дар навбати аввал гузошта шуданд.

Хизмати давлатии муосири Тоҷикистон  зодаи Истиқлолияти давлатӣ буда, дар заминаи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо таҳкими аркони давлатдории миллӣ таъсис ва ташаккул ёфт.

Гузашта аз ин ниҳоди мазкур бо тағйиротҳои куллии иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон мутобиқ кунонида шуда, низоми муосири таълими кадрҳои соҳа, такмили малака ва қобилияти хизматчиёни давлатӣ барои иҷрои босамари вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда роҳандозӣ гардид.

Силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи технологияҳои кадрии хизмати давлатӣ дар самти озмун, арзёбии фаъолият, аттестатсия, захираи кадрҳо қабул шуданд. Барои хизматчиёни давлатӣ дастурамалҳои мансабӣ таҳия гардида, мавриди истифода қарор доранд.

Ҷиҳати танзими сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори хизматчии давлатӣ дар кор ва ҷомеа бо назардошти арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Имрӯз қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шабеҳ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бартарӣ дорад.

Таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва афзоиши ҷолибияти он фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият мебошанд.

Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мардуми меҳанпарвару меҳнатдӯсти кишвар, дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар маҷмӯъ дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд.

Барои устуворона қадам гузоштан дар шоҳроҳи таърих ва њифзи арзишҳои  давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои муосир барои ҳар як давлат пеш аз ҳама кадрҳои ҷӯяндаю навовар ва содиқу бунёдгар заруранд.

Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон низ аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар раванди ташаккули нињоди хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маҷмӯи чорабиниҳо барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати таҳкими саҳми ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҷалб ва иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Соли ҷавонон эълон доштани соли 2017 идомаи иқдомҳои шоёни  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ин қишри ояндасози ҷомеа буда, ташаббуси мазкур барои рушди соҳаи хизмати давлатӣ такон бахшид.

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоб ва ҷобаљогузории мутахассисони ҷавон бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намуда, бо мақсади амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Чунончи агар ҳиссаи ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар соли 2009  6586 нафар ё 35,4 фоизи  хизматчиёни давлатиро ташкил диҳад, ин нишондод дар соли 2012 ба 7620 нафар ё 41,2 фоиз, дар соли 2015  ба 8205 нафар ё  43,4 фоиз, дар соли 2018 ба 8725 нафар ё 45,6, дар соли 2020 ба 9095 нафар ё 47,3 фоиз, дар охири соли 2021 ба 9128 нафар ё 48,8 фоиз баробар шудааст.

Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола дар соли 2013 1222 нафар ё 22,1 фоиз, дар соли 2017 1496 нафар ё 25,6 фоиз ва то 1 июли соли 2022 ба 1541 ё 26,4 фоизи хизматчиёни давлатӣ мерасад.

Яке аз усулҳои маъмули ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ ин интихоб тариқи озмун мебошад.

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2022 тибқи хулосаи комиссияҳои озмунӣ 1513 нафар ё 83,7 фоизи шумораи умумии нафарони ба мансабҳои хизмати давлатӣ тавсияшуда ҷавонони то 35-сола мебошанд.

Итминони комил дорем, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамовардашуда теъдод ва саҳми ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи хизматчиёни давлатиро ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт комёбиҳои нав ба навро таманно менамоям.

Бигузор Истиқлоли давлатии Тољикистон ҷовидона бошад ва ҳамчун рамзи пойдории сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ пайки дастовардҳои тоза ба тоза дар роҳи ободиву пешрафти кишвари азизамон гардад.

Дар остонаи ин ҷашни фархунда бо гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат таманно мекунем: «Роҳу иқболат дурахшон, истиқлолиятат поянда ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз ва ба ҷон баробари мо!»