User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи Нақшаи ҷадвали ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва бо қарори шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст,  санаи 22 августи соли 2022 дар шаҳри Ҳисор барои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳрҳои Ҳисор ва Истаравшан, ноҳияҳои Нуробод, Вахш ва Шамсиддини Шоҳин аз рӯи барномаи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал» курси сайёри таҷрибаомӯз ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳии курси мазкур раиси шаҳри Ҳисор-Қосим Роҳбар, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Дилноза Аҳмадзода, муовини ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Исмоил Абдуалимзода, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ-Ибодат Ғанӣ иштирок ва вобаста ба нақши ҷамоатҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал ва масъулияти раисони ҷамоатҳо дар ин самт суханронӣ намуданд.

Тибқи барнома дар баробари машғулиятҳои таълимӣ, ҳамчунин, мулоқот бо раиси шаҳри Ҳисор, шиносоӣ бо фаъолияти ҶСШП «Агротехсервис», ҶДММ «Корвони аср», КТ «Латиф Муродов», ҷамоати деҳоти Сомон, ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор, боздид аз боғи интенсивии «Стабагро» дар деҳоти Дурбат, боздид аз мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ва Осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор барои шунавандагони курси мазкур пешбинӣ гардидааст.

Дар анҷоми курс ба шунавандагони курс- раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гувоҳномањои хатми курс супорида мешаванд.

 

                                                                                                               Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон