User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022, №26/10-272 вобаста ба Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022

санаи 2 августи соли 2022 дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., муовини директори Агентӣ Аҳмадзода Д. Д., мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода И. Ғ. сардорони шуъбаҳои Агентӣ ва намояндагони ВАО нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатї баргузор гардид.

Дар қисмати аввали нишасти матбуотӣ директори Агентӣ  оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали Агентӣ гузориш дода, қайд намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 ба дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ 3171 (соли 2021-3162) мавод, аз ҷумла аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 373 мавод, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо 2481 мавод ва 317 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид ва дар муҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ гардиданд.

Дар рафти баромад зикр гардид, ки муҳтавои асосии маводи аз тарафи мақомоти давлатӣ ба Агентии хизмати давлатӣ воридгардидаро масъалаҳои

ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, ташкили захираи кадрҳо, татбиқи кафолатҳои иҷтимоӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мансуб ба соҳаи хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд.

Пас аз анҷоми ҳисоботи фаъолияти Агентӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ ва кормадони он ҷавобҳо пешниҳод карда шуданд.

         Иштирокдорони нишасти матбуотӣ ба ҳамаи саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.

                                                                 

                                                                                           Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон