User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат-асоси бақои миллат» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва

кормандони Академияи идоракунии давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ  баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Ашуров Ардамеҳр - ходими пешбари Институти  Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Юсупов Умриддин - сармуҳаррири рӯзномаи «Ваҳдат», доктори илмҳои филологӣ, Ато Мирхоҷа-муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Сироҷиддин Икромӣ-мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Ҷамъомади тантанавиро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, сулҳу суботи кишвар ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз бо номи фарзона фарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.

Зимни суханронӣ вобаста ба  оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, марҳилаҳои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, аҳамияти он ва таъсиси он ба сулҳу суботи кишвар, иқдомҳои ваҳдатофарию ваҳдатсозии Пешвои миллат, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, мавқеи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша карда шуд.

Зикр гардид, ки дар баробари таҳким бахшидани аркони давлатдорӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ташаккули хизмати давлатии муосир ва тайёр кардани кадрҳои миллии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ тадбирҳои мушаххас андешиданд, ки таъсиси Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ, қабули силсилаи барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои омода намудани мутахассисон ва рушду нумуи хизмати давлатӣ аз зумраи онҳост.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа вобаста ба вожаи «Ваҳдат» дар адабиёт ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки мавзуи ваҳдати миллӣ пояи тамоми сиёсатҳо аст. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи саодати мардум ва пояи пешрафту ободии Ватани маҳбуби мост. Мусолиҳаи миллии тоҷикон, ки  дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодир шинохта шуд,  боз як далели дигарест, ки дар саҳифаҳои таърих аз тамаддунсозӣ, фарҳангпарварӣ, сулҳоварӣ ва созандагии миллати соҳибтамаддуни мо ҳикоят мекунад.  

Сироҷиддин Икромӣ, мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зимни шарҳи қайд намуд, ки аз баракати сулҳу осоиштагӣ мо ба ин рӯзҳо расидем. Дар саргаҳи ҳама дастовардҳо ваҳдати миллӣ қарор дорад.

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар як ҷойгаҳ ва дар як поя қарор доранд. Пешвои миллат барҳақ таъкид доштаанд, ки «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро неруи тоза ва тақвият мебахшанд».

Юсупов Умриддин - сармуҳаррири рӯзномаи «Ваҳдат», доктори илмҳои филологӣ зимни суханронӣ роҷеъ ба аҳамияти таърихию тақдирсозӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таърих ва ҳадафи таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,  сиёсати сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд.

Қайд намуд, ки сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун курси махсус дар чандин донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон имрӯз мавриди омӯзиш қарор дорад. Бинобар ин бояд саъю талош намуд, ки ваҳдати мо ҷовидона бошад.

Ходими пешбари Институти  Осиё ва Аврупои  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ашуров Ардамеҳр дар мавзуи «Пешвои миллат-поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон» маърӯза намуда,  иброз доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштааст, ки  имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.

Директори Агентӣ ҷамъомадро ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.

                                                                                                    Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон