User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 9 декабри соли 2024 дар Агентии хизмати давлатӣ дар асоси банди 8-и Нақшаи кори Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2023 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2024 бо иштироки раис, аъзои комиссия ва кормандони Агентӣ баргузор гардид.

Кори ҷаласаро Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - раиси Комиссия, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ оғоз намуда, масъалаҳои рӯзномаро муаррифи намуд.

Дар рафти кори ҷаласа тибқи рӯзнома ҳисоботи котиби Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ- Хусрав Мирраҷабов шунида шуда, фаъолияти кори Комиссия дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Инчунин аз рӯи рӯзномаи ҷаласаи Комиссия бо гузоришҳои таҳлилӣ оид ба риояи интизоми меҳнат дар Агентии хизмати давлатӣ - Суннатулло Ғуломов сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат ва Қумриниссо Халифаева - муовини раиси шӯрои занони Агентии хизмати давлатӣ оид ба фаъолияти Шӯро баромад намуданд.

Дар музокира Кенҷазода Мирзо - сардори шуъбаи ташкилию иттилоотӣ ва Шарифзода Аъзамҷон - сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд.

Сипас, лоиҳаи нақшаи кори Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо тасдиқ карда шуд.

 

 

Агентии хизмати давлатии назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон