Санаи 6 декабри соли равон бо ташабуси Агенти хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ», 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Дар кори конференсия Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич - директори Агентии хизмати давлатӣ, Ойев Холмаҳмад - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Солеҳзода Зафар Исматулло - сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагон, хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқии соҳибкорони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърузаҳо вобаста ба мавзуъҳои ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ суханронӣ намуданд.
Дар конференсияи мазкур кормандони Агентии хизмати давлатӣ, шунавандагони курси такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии ҷавони дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз руйи барномаи «Идоракунии ҳайат дар замони муосир», донишҷўёни риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатӣ, инчунин аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» иштирок намуданд.
Ҳангоми маърўзаҳо қайд гардид, ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид 10 декабри соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардида, яке аз ҳуқуқи бунёдии инсон – ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ дар кишвари худ ва бо ҳамин васила иштирок дар идоракунии давлатӣ эълон гардид.
Вобаста ба қабули Эъломияи мазкур ҳамасола санаи 10 декабр аз ҷониби давлатҳои узви Созмони Милали Мутаҳид ҳамчун «Рўзи ҳуқуқи инсон» қайд карда мешавад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбати ҳуқуқ ва қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.
Эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иқдоми муҳим ва арзишманд буда, барои баланд бардоштани тафаккури ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, қонуният ва адолати иҷтимоӣ такон мебахшад.
Хизмати давлатӣ ин фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ мебошад, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар гардидааст.
Тавассути сиёсати созандаи - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ, аз ҷумла, масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ ба вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтанд.
Инчунин Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 сарчашмаи ташаккул ва таҳкими идоракунии давлатии муосир ва хизмати давлатии касбӣ дониста мешавад.
Моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон барои дохил шудан ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробарро кафолат медиҳад, ки ба талаботи моддаҳои 21 ва 22 Эломияи ҳуқуқи башар пурра мувофиқат мекунад.
Меъёри мазкур ҳамчунин ба талаботи моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мувофиқат мекунад, ки дар он муқаррароти «Ба ҳар як шаҳрванд дар кишвари худ бояд бе ҳеҷ гуна поймолкунӣ ва маҳдуднамоии беасос тибқи шарту шароити барои ҳама баробар ҳуқуқу имконияти иштирок дар хизмати давлатӣ дода шавад» пешбинӣ гардидааст.
Ба ғайр аз ин принсипҳои асосии хизмати давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нахустин маротиба аз 13 ноябри соли 1998 ва дар таҳрири нав аз 5 марти соли 2007 қабул гардида, ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Дар асоси онҳо зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, аз ҷумла, оид ба танзими мансабҳои давлатӣ, талаботҳои тахассусӣ, дастурамалҳои мансабӣ, одоби хизматчии давлатӣ, ташкил ва баргузории озмунҳо, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, аттестатсияи онҳо, кор бо захираи кадрҳо, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда ва амсоли инҳо қабул гардида, масъалаҳои тарбия, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ, дар маҷмӯъ идоракунии захираҳои инсонӣ ва ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатӣ пурра муқаррар гардиданд.
Аз қабили қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шабеҳ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бартарӣ дорад. Самтҳои асосии фаъолияти хизмати давлатии Тоҷикистон ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ мувофиқат мекунанд.
Таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва афзоиши ҷолибияти он фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии соҳаи хизмати давлатии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мебошад.
Ҳамзамон дар рафти баргузории конференсия мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» 2 нафар мутахассисони ҷавони Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, савганд ёд намуданд.
Дар фарҷоми конференсияи мазкур хизматчиёни давлатӣ, ки содиқона ва бо масъулияти баланд уҳдадориҳои мансабии худро иҷро менамуд ва дар тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавон саҳмгузор мебошад, бо мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон