User Rating: 5 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Active
 

Дастгоҳи Раиси ноҳия:

  1. Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3143 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1427 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.

 

Воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур:

  1. Сармутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427 сомонӣ.
  1. Сармутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427 сомонӣ.
  1. Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427 сомонӣ. 
  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 962 сомонӣ.
  4. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.
  5. Мутахассиси бахши коммуналӣ, манзилӣ, муҳандисӣ ва ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ -962 сомонӣ.
  6. Мутахассиси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 962 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳ:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии роҳбари дастгоҳро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, омўзгорӣ, гуманитарӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

- 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва на кам аз 7  сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

                                   

Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-  ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ

-  варақаи баҳисобгирии кадрҳо

-  3  дона расм  (андозаи  4 х 6)

-  нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти зарурии касбӣ, такмили ихтисос ва     

   унвони илмӣ (диплом, шаҳодатнома ва ғайра)

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи умумии меҳнатӣ, аз ҷумла собиқаи   

   корӣ аз рўи ихтисос  (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ)

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи амволи хизматчии давлатӣ

-  маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида

-  нусхаи билети ҳарбӣ ( барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ

- маълумотнома (резюме)

- донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта   

 мешавад.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Кўчаи Айнӣ 20, утоқи 6, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи  Шоҳмансур.

Телефон барои тамос: 223-23–49.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.