User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ-1112,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Шаҳмансур -1 ҷой, маоши мансабӣ-1112,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-962,80 сомонӣ.
  4. Мутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавӣ ва нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-962,80 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешни
ҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳиҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4 ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома азҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38 УЕ;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома аз ВКД дар бораи доғи судӣ;

- маълумотнома (справка-объективка).

 

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Нишонаи қабули ҳуҷҷатҳо: ш. Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ 103 "А";  тел. 233-81-02,  233-81-07.

Қабули  ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз чопи эълон.

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.