User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Котиби сеюми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2320,00 сомонӣ.
  2. Котиби дуюми шуъбаи муассисаҳои хориҷии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2560,00 сомонӣ.
  3. Котиби дуюми шуъбаи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2560,00 сомонӣ.
  4. Котиби якуми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 3114,10 сомонӣ.
  5. Котиби якуми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3114,10 сомонӣ.
  6. Котиби якуми шуъбаи тадқиқоти стратегии раёсати тадқиқоти стратегӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3114,10 сомонӣ.
  7. Котиби якуми шуъбаи масъалаҳои ҳуқуқии амнияти байналмилалии раёсати шартномавӣ- ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3114,10 сомонӣ.
  8. Мушовири раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3114,10 сомонӣ
  9. Мушовири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 3114,10 сомонӣ
  10. Мушовири шуъбаи муассисаҳои хориҷии раёсати кадрҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3114,10 сомонӣ

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мушовир ва котиби якум:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

-  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби котиби дуюм:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

-  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби котиби сеюм:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

-  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;

- нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);

- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ.

 

Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз 33

Телефонҳо барои тамос: 221-15-61,  227-54-56 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.