- Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1600 сомонӣ.
Талаботи тахассуси барои довталабон:
- таҳсилоти олӣ бо ихтисосҳои равияи гуманитарӣ ва идоракунии
давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ;
- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер);
- Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Юсуфбеков – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1500 сомонӣ.
Талаботи тахассуси барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои соҳаи андоз, молия, муҳосибот ва иқтисодчӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ;
- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер);
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;
- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер)
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи раиси ноҳия;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ноҳияи Ишкошим, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим , кӯчаи М.Бобоков 7.Индекс 736500
Телефонҳо барои тамос:\факс: (83553) 21-1-25, 93-541-41-70, 501-07-36-59
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.