- Сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва таҳлили актуарию омори суғуртавии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1995,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1635,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276,00 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳиҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4 ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома азҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- маълумотнома аз ВКД дар бораи доғи судӣ;
- маълумотнома (справка-объективка).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ 103 "А";
Телефонҳо барои тамос.:. 233-81-02, 233-81-07.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.