User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси ғайринақшавии такмили ихтисос барои занону духтарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз руйи барномаи “Малакаи роҳбарӣ” ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти курси мазкур ректори Академия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Даврон Сафарзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва муовини диретори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода  иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода зимни баромади хеш қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми занонон дар ҷомеа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор дода шудаанд, ки татбиқи онҳо ба рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар заминаҳои мусоидро фароҳам меоваранд. Махсусан ибрози андеша карда шуд, ки дар замони муосир малакаи роҳбарӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар раванди хизмати давлатӣ, сатҳу сифати таълим, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи худшиносии миллӣ нақш ва мақоми занону духтарон хеле зиёд аст. Таъкид карда шуд, ки ҳадафи бевоситаи курсҳои такмили ихтисос огоҳии бештар пайдо намудани шунавандагон аз мазмун ва моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад. Сипас, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ташкил ва баргузории курси мазкурро барои занону духтарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз руйи барномаи “Малакаи роҳбарӣ” саривақтӣ ҳисобида, аҳамияти онро дар фаъолияти меҳнатии занону бонувон зарур шуморид. Қайд карда шуд, ки занон қишри фаъоли ҷомеа ба шумор рафта, дар ин замина аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани донишҳои сиёсию ҳуқуқии занону духтароне, ки дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Вобаста ба нақш ва мақоми бонувон дар пешрафти ҷомеа, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки занону бонувон дар таҳким ва рушди хизмати давлатии муосир нақши муассир доранд. Аз ҳамин нуқтаи назар, баланд бардоштани “Малакаи роҳбарӣ” ба таҳкими иқтидори кадрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ нақши меҳварӣ дорад.
Дар фарҷом, ба хатмкунандагони курси такмили ихтисос барои занону духтарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз руйи барномаи “Малакаи роҳбарӣ” гувоҳномаҳо супорида шуданд.
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон