User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон - сармуҳосибони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти курси мазкур, намояндагони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, омӯзгорони Академия ва шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок намуданд.

Муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шуҳрат Раҷабов иштироки шунавандагонро дар курси мазкур бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва шинос шудани онҳо ба санадҳои танзимкунандаи соҳавӣ арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Салим Нодиршоев ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ Ҷаббор Хоҷаназаров баромад намуда, иброз доштанд, ки огаҳӣ пайдо кардан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ барои беҳтар гардонидани ҳайати сифатии хизматчиёни давлатӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар фарҷом, ба шунавандагон аз рӯйи барномаи «Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» гувоҳномаҳо супорида шуданд.

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон