User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон санаи 25 августи соли 2021 конференсияи илмӣ-амалиро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Агентии хизмати давлатӣ тахти унвони «Рушди хизмати давлатӣдардаврони Истиқлолият» дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд.

Дар конференсияи мазкур вазъи имрӯзаи низоми хизмати давлатии Тоҷикистон ва самтҳои асосии рушди минбаъдаи он аз рӯйи мавзӯъҳои зерин мавриди таҳлил, баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд:

-Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон;

-Ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон;

-Сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Рушди хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон;

-Идоракунии давлатӣ дар шароити муосир;Таҷрибаи ҷаҳонии хизмати давлатӣ;

-Нақши занон (ҷавонон) дар идоракунии давлатӣ.

Дар кори конференсия иштироки олимон ва коршиносони миллӣ дар назар дошта шудааст.

Маърӯзаҳо то рӯзи 13 августи соли 2021 дар шакли электронӣ ба суроғаи infoЭтот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.;  Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва дар шакли хаттӣ ба нишонаи Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод карда шаванд.

Талабот ба матни маърӯза: ҳаҷм то 8саҳифаи А- 4 фосилаи байни сатрҳо-1,5. Ҳошия: аз се тараф – 20 мм, аз чап -25 мм. Ҳуруф: Times New Roman,Times New Roman Tj 14, насаб, ном ва номи падари муаллиф, мансаб (вазифа), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ, номи пурраи мақомот, ташкилот, номи мавзӯъ бо ҳарфҳои калон баъди ду фосила. Баъди боз ду фосилаи дигар, матни маърӯза.

     Забони кори конференсия: тоҷикӣ.

     Телефон барои маълумот: 224 -40- 67, 224- 53-22.

     Масъул: Кенҷазода А.М., тел: 917-50-99-88