Санаи 3 октябри соли равон дар доираи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон – пояи фарҳанги миллӣ» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ Қурбонзода Ҳ. Ҷ – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мухторов З.М. – доктори илмҳои филологӣ, ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе, Шарифзода Ш.Р.- доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирбобоев А. – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сарходими шуъбаи забони тоҷикии Институи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур кормандони Агнетии хизмати давлатӣ ва магистрантон-хизматичёни давлатии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва Бунёдии Ҳаннс Зайдели Олмон иштирок доштанд.
Қурбонзода Ҳ.Ҷ. - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд намуданд, ки имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар ин давра дар Агентии хизмати давлатӣ низ барои татбиќи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тадбирҳои мушаххас андешида шуд.
Зимни маърӯзаҳои иштирокчиён қайд гардид, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ дар кишвари мо ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Мустаҳкам намудани мақому манзалати забони тоҷикӣ яке аз авлавиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҷаҳонишавии тамаддунҳо, рушди техникаву технологияи замонавӣ, дастрасӣ ба шабакаи умумиҷаҳонии «Интернет», афзоиши экстремизму терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир имрӯзҳо барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ мушкилоти зиёд ба вуҷуд овардаанд.
Аз ин рӯ, дар шароити бисёр ҳассос муҳимтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба забони модарӣ- мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз октябри соли 2021 таъкид намуданд: «Вазифаи муқаддаси мо – насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем».
Мо итминони комил дорем, ки минбаъд низ хизматчиёни давлатӣ - ин нерӯи бузургу пешбаранда ва таҳкимбахши давлату давлатдорӣ дар татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат бо масъулияти хоса муносибат менамоянд ва дар роҳи гиромидошти забони модарӣ барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан барои ҷавонон намуна ва шоистаи пайравӣ мегарданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳозирин тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҳамдиёрони азизро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрик гуфта, барои дастоварду бартариятҳои хизматӣ сарбаландию саодатмандиро таманно намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон