User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси соҳаи чорводорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809 ,60сомонӣ.
  2. Мутахассиси соҳаи мелиоратсия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.

 

       Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Бароии шғоли мансаби  мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- аризаи шахсӣ ба унвони сардори Раёсат

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи дафтарчаи мехнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ (шакли 038УЕ);

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз ВКД оиди надоштани доғи судӣ;

- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома(объективка);

- нусхаи билети харбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд);

- ( 4 дона расми 3х4)

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Кӯлоб хиёбони Исмоили Сомонӣ-35

Телефон барои тамос: (83322) 2-33-93; (83322) 2-39-62.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар минтақаи Кӯлоб муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.