- Мудири бахш оид ба музди меҳнат ва назорати молиявӣ дар бахши нақлиёти шуъбаи молия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 4190 сомонӣ.
- Сармутахассиси раёсати тарҷума, таҳрир ва нашр – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3132 сомонӣ.
- Сармутахассиси раёсати коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3132 сомонӣ.
- Сармутахассиси раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ ташрифотӣ ва ташкили кор – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3132 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи матбуот – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3132 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши таъмини фаъолияти кумита ва комиссияҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2088 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм;
- донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли сармутахассис:
таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;
- донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Ҳамаи довталабони мансабҳои маъмурии категорияҳои номбурда:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани забонҳои давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист.
Барои иштирок дарозмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавнд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли- 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
- нусхаи шиносномаи шахсӣ;
- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 42,
Телефонҳо барои тамос: 221-33-07
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.