User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеи зебову нотакрори кишвар дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоб боздид намуда, табиати зебо ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. 

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон, ки бо шарофати Пешвои миллат аз нав эҳё гаштаву рушд мекунад, аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дорад.

 

 

 

Сарчашма: president.tj