User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботњои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5

«Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 курсҳои омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ курси омӯзишии дуалӣ таҳти унвони «Зан – сарвар»- ро барои тамоми мақомоти давлатӣ ба нақша гирифтааст.

Санаи 10 майи соли ҷорӣ давраи якуми курси омӯзишии дуалӣ аз рӯи барномаи «Зан – сарвар» барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманд – хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ гардид.

Дар курси мазкур 25 нафар занони фаъолу лаёқатманд – хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ҷалб гардидаанд.

Дар расми ифтитоҳи курс ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода Давлаталӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода Давроналӣ, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, дигар намояндагони Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти давлатӣ то ба имрӯз як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Таъкид шуд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.

(Бознашр аз саҳифаи иҷтимоии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

 

 

                                                               

                Агентии хизмати давлатии назди  

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон