User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид.

Дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо ва ҷашну солгардҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, Фестивал озмуни «Сад ранги чакан» дар сатҳи ҷумҳуриявий бо шукуҳу шаҳомати хоса гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки санаи 3 май Фестивали мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва санаи 6 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун» дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки бонувонии Агентии хизмати давлатӣ иштироки фаъолона намуданд.

Эҳтиром ба либоси миллӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарасӣ, бедор кардани завқи аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ ва бо ин васила тарғибу муаррифии фарҳанги миллӣ аз ҳадаф ва мақсади асосии баргузории фестивали мазкур арзёбӣ мегардад.

 

 

 

                                                       Агентии хизмати давлатии назди

                                                                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон