User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 5 майи соли равон дар Академияи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» барои раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев К.Н., муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода А.Д., муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Д.Д., прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин, мушовири адлияи дараҷаи 2 Нурзода М.М., директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ғанизода И.Ғ. иштирок ва суханронӣ намуда, шунавандагонро ба муносибати ҷамъбасти муваффақонаи курси такмили ихтисос табрик намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки хатмкунандагони курси мазкур маҳорату малака ва донишҳои иловагии дар рафти курси такмили ихтисос аз худ намудаи худро минбаъд дар фаъолияти корӣ истифода хоҳанд бурд.

Дар давоми курси мазкур иштирокчиён бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва инчунин усулҳои нав ва муосири пешбурди фаъолияти хизматӣ шинос гардиданд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи курси мазкур роҳҳои самараноки истифодаи фонди замини кишвар ба шунавандагон омӯзонида шуд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур ба 71 нафар хатмкунандагони курси мазкур гувоҳномаи хатми курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» супорида шуд.

 

                                                                                 

                             Агентии хизмати давлатии назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон