User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

(бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ мизи мудаввар бо иштироки хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид)

Санаи 4 майи соли 2023 бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил карда мешавад, бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар низоми хизмати давлатӣ, баланд бардоштани савияи касбии хизматчиёни давлатӣ дар ин самт мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар низоми хизмати давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» бо даъвати мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Мизи мудавварро Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки имрӯз тамоми ҷанбаҳои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурра танзим гардида, инчунин масъалаи паҳни иттилооти хизматӣ, маълумоти хусусияти сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда дошта, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, риояи бечунучарои он ҷузъи асосии матни савганди ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, рушди бемайлони илму техника ва технологияи муосир, татбиқи ҳукумати электронӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот омода намудани кадрҳои хизмати давлатӣ дар қисмати пеш бурдани фаъолият бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, ки дар таъмин ва пойдории амнияти миллӣ нақши калидӣ дорад, яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки таваҷҷуҳ ва масъулияти баландро аз масъулини мақомоти босалоҳияти соҳаи хизмати давлатӣ ва сирри давлатӣ талаб менамояд.

Сафарзода Муҳаммад Бақо- муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо суханони табрикотӣ баромад намуда, ҳамзамон зикр дошт, ки вазъи иқтидори зеҳнӣ ва технологӣ, нерӯи инсонӣ ва захираи кадрҳо ҳамеша аз лиҳози баҳогузории иқтидорӣ ба вазъи низоми идоракунии давлатӣ ва омӯзиши авзои ҷомеа муҳим буда, дар робита ба ин масъалаи муҳим, омодасозии кадрҳо, фаъолияти самараноки низоми идоракунии давлатӣ, таҳкими низоми идоракунии захираҳои инсонӣ, таҳкими усулҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, низоми ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати нигоҳдорӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос, такмилдиҳии равандҳои маъмурӣ, ташаккули унсурҳои зарурии «ҳукумати электронӣ» ва татбиқи сиёсати «маълумоти кушода», ҷорӣ намудани технологияи муосир ва инноватсионии фаъолияти идоракунӣ тавассути шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва бо ин мақсад истифодаи васеи захираҳои иттилоотӣ дар фаъолияти идоракунии давлатӣ ва ташкили бонизоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок дар боби алоҳидаи таҳкими нерӯи институтсионалии кишвар ҳамчун низоми самарабахши идоракунии давлатӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 муайян гардидаанд.

Дар қисмати ҷамъбасти мизи мудаввар барои ҳамкории мутақобилан судманд Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо Ифтихорномаи Агентии хизмати давлатӣ сарфароз гардонида шуда, инчунин масъулини низоми махфии Агентии хизмати давлатӣ аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадршиносӣ гардиданд.

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳоҳазор кормандони соҳаҳои гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, иди касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд.

 

 

 

                                                                 Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон