User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 28 апрели соли 2023 бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи намунавии омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соли 2023, ки мувофиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, барои хизматчиёни давлатии Суди конститутсионӣ омӯзиши идоравӣ вобаста ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва нақши занон дар хизмати давлатӣ баргузор гардид.

Омӯзиши идоравӣ дар мавзӯи болозикр аз ҷониби Дилноза Аҳмадзода – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Инчунин дар омӯзиши идоравии мазкур судяи Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо низ иштирок намуданд.

Зимни омӯзиши идоравӣ аз ҷониби масъулини Агентии хизмати давлатӣ қайд гардид, ки таъмини баробарии гендерӣ аз оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз масъалаҳои муҳими идоракунӣ дар меҳвари сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтаронро дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми онҳо дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Аз ҷумла вобаста ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006, аз 25 апрели соли 2008, аз 24 апрели соли 2010, аз 20 апрели соли 2011, аз 23 апрели соли 2014, аз 21 январи соли 2015, аз 22 декабри соли 2016, аз 26 декабри соли 2019, 26 январи соли 2021, 21 декабри соли 2021 ва 23 декабри соли 2022 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам такмил дода шуда, марҳила ба марҳила стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои миёнамўҳлат ва дарозмўҳлати давлатӣ таҳия қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Дар робита ин вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти таъмини иштироки занон дар хизмати давлатӣ, ҳавасмандиҳо дар хизмати давлатӣ, имкониятҳои омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар низоми идоракунии давлатӣ, такмили дониш, қобилият, истеъдод ва малакаҳои касбии занон-хизматчиёни давлатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таъмини табодули таҷриба, маълумотҳои омории иштироки занон ва саҳми онҳо дар хизмати давлатӣ бо рӯнамо дар байни хизматчиёни давлатии Суди конститутсионӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Инчунин дар ҷараёни омӯзиши идоравӣ саволу ҷавобҳои соҳавӣ ва дар атрофи мавзӯъ доир карда шуд.

 

 

 

                                                                 Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон