User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Субҳи имрӯз 24 апрели соли 2023 барои расидан ба синни нафақа сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Давлат Сафар қадрдонӣ гардид. Дар маросими мазкур сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят Муҳиддин Ширинзода ва дигар кормандони раёсат, роҳбарони соњторҳои зертобеи раёсати маориф иштирок доштанд.

Ғазалшоҳ Сафарзода дар бораи фаъолияти арзанда ва саҳми Давлат Сафар дар кори соҳаи маориф, таҷрибаву собиқаи натиҷабахш ва меҳнати софдилонаи ӯ изҳори назар карда, баъди расидан ба синни мубораки нафақа барояш саломатию сарбаландӣ, хонаободию комёбиҳоро таманно намуд.

Муҳиддин Ширинзода низ дар хусуси ҳамкориҳои Давлат Сафар бо иттифоқҳои касаба, саҳми ӯ дар беҳтар шудани назорату фаъолияти мактаб-интернатҳои ҳудуди вилоят, фарогирии насли наврас ба сухан кард.

Дар қисмати охир ба Давлат Сафар ба ин муносибат тухфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Қайд гардид, ки минбаъд низ Давлат Сафар дар тарбияи кадрҳои ҷавон ҳамкориро зич намуда, дар пешрафти соҳаи маориф аз таҷрибаи пешқадами худ истифода хоҳад кард.

(Маълумот аз саҳифаи иҷтимоии Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон)

 

 

 

 

                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон