User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ва Иттифоқи касабаи кормандони Агентӣ ба 30 нафар кормандони техникиву хизматрасон ва хизматчиёни давлатии эҳтиёҷманд кӯмаки моддии якдафъаина дар ҳаҷми як халта орд ва равған расонида шуд.

Иқдомҳои хайри Агентии хизмати давлатӣ дар арафаи ҳар ҷашну маросимҳои милливу суннатӣ ба ҳукми анъана даромада, идомаи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мебошад.

Ин гуна иқдомҳои Агентӣ минбаъд низ идома дода мешаванд.

 

 

 

 

                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон