User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳия - 1 ҷой,

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ:

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи хуби муошират бо забони давлатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ ва коркарда тавонистан бо компютер.

Маоши мансаби 1422,95 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

- маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);

 

Суроғаи қабул:

Деҳаи Шаҳристон, кучаи Истаравшан 16, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон, телефон (8-34-56)2-63-35, 98-706-66-22.

 

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.