User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Имрӯз, 15 майи соли 2023, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ» ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур ректори Академияи идоракунии давлатї, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода Давлаталӣ, мудири шуъбаи ташкилию методӣ, ҷамъоварӣ, ташхиси арзишнокии ҳуҷҷатҳо, бойгониҳои идоравӣ ва коргузории Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборакқадамова Наҷиба, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ибодат Ғанизода, муовини сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Кенҷазода ва шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок намуданд.

Хангоми ифтитоҳ қайт намуд, ки курсҳои мазкур бо мақсади сайқал додани донишҳо, малака ва таҷрибаи кории хизматчиёни давлатӣ ташкил гардида, дар ҷараёни он ба шунавандагон устодону омӯзгорон аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба ва унвондор дарс мегӯянд. Ректори Академия бо боварӣ изҳор намуд, ки донишу таҷрибае, ки шунавандагон дар идомаи курс аз худ менамоянд, минбаъд дар фаъолияти меҳнатиашон васеъ истифода хоҳанд бурд.

Курси мазкури такмили ихтисос аз санаи 15 то 20 майи соли равон идома меёбад.

 

 

                                                                        Агентии хизмати давлатии назди   

                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон