User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 5 майи соли ҷорӣ дар асоси Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ барои соли 2023, ки бо қарори раиси вилояти ВМКБ аз 27 декабри соли 2022 тасдиқ шудааст, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ вобаста ба мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» омўзиши идоравӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Фарид Мискинов - сардори шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилоят суханронӣ намуда, моҳияти машѓулияти идоравї ва мубрамияти кор бо мурољиати шањрвандон ба шунавандагон шарҳ дод.

Вобаста ба мавзӯи болозикр Бегим Саидбаҳроншоева - мудири бахши муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят суханронї ва қонуни мазкурро шарҳу тавзеҳ дода, дар фарљом бо кормандон-хизматчиёни давлатӣ саволу ҷавоб доир гардид.

 

 

 

                                                               Агентии хизмати давлатии назди  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон